Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозгарон ба коршиканӣ даъват мекунанд


Ширкаткунандагони тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Юнон ҳама кормандони корхонаҳо, хадамоти хизматрасонӣ ва нақлиёти ҷамъиятии кишварро ба коршиканӣ даъват карданд. Ин коршиканӣ идомаи бенизомиҳо дар хиёбонҳои шаҳрҳои Юнон хоҳад буд, ки баъди аз сӯи корманди полис кушта шудани як навраси 15-сола шурӯъ шуда чанд рӯз боз идома доранд.
Дирӯз чандин ҳазор ширкаткунандагони маросими ҷанозаи он наврас бо кормандони полис ворид бархурд шуданд. Ахиран Ҳизби сотсиалистии Юнон – ҳизби мухолифи ҳукумат, хостори истеъфои ҳукумати сарвазир Костас Караманлис шуд.

XS
SM
MD
LG