Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии Толеъ Холназаров


Толеъ Холназаров, вазнабардори маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи пауэрлифтинг дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барандаи медали биринҷӣ гардид.

Толеъ Холназаров дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Палм-бичи иёлати Флоридаи Амрико гуфт, дар ин мусобиқот, ки бо ширкати 370 варзишгар баргузор шуд, вай дар сабқати варзишгарони вазнашон 110 кг барои аввалин бор дар се навъи рақобатҳо бо натиҷаи умумии 950 кг (380+230+340) ҷои севумро касб кард.

Вазнабардори Русия Сергей Стародубский бо натиҷаи умумии 1035 кг (420+292,5+322,5) ба унвони

қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Намояндаи ИМА Ҷо Ҷордан бо натиҷаи умумии 1005 кг (410+282,5+312,5) ҷои дуввумро соҳиб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки Толеъ Холназарови 33-сола поягузори пауэрлифтинг дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бо ибтикори ӯ соли 2002 Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки ӯ раиси ин федеросиюн мебошад.

Инчунин намояндаи дигари Тоҷикистон Фирӯз Нуров дар сабқати варзишгарони вазнашон 125 кг дар як навъи рақобатҳо бо натиҷаи 270 кг пас аз варзишгарони ИМА ва Русия ҷои севумро касб карда, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG