Пайвандҳои дастрасӣ

Волии иёлати Иллинойс, иёлати зисти раисҷумҳури мунтахаб Барак Обама, бо иттиҳоми кӯшиши фурӯши курсии холишуда дар Сенати Амрико боздошт гардид. Аз ин иёлат то ҳол ин курсиро Барак Обама ишғол мекард.

Додситони минтақаи шимолии иёлати Иллинойс Патрик Фиҷералд зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, Род Благоевич дар тӯли чанд моҳ нақшаи ҷиноятии ришвахориро тарҳрезӣ мекард. Ӯ гуфт, Благоевич ҳамчун волии иёлат ҳаққи таъини ҷонишини Обамаро дошт ва хост аз ин ҳақ сӯиистифода бурда, ин курсиро бифурушад.

Благоевичи 51-соларо кормандони FBI субҳи рӯзи 9 декабр дар манзилаш дастгир намуданд. Раиси дастгоҳи волӣ низ боздошт шудааст. Тибқи иттилоъи нашршуда, боздошти ин ду корманди баландрутба дар натиҷаи таҳқиқи тӯлонии ҳодисаҳои ришвахорӣ имконпазир шудааст. Сӯҳбатҳои телефонии Благоевич бо иҷозаи ҳукумати марказӣ аз роҳи қонунӣ сабт мешудаанд. Зимни бозҷӯӣ маълум шуд, ки тарҳи ҷиноии волии Иллинойс мебоист ба вай 7 миллион доллар фоида меовард. Бино бар баёнияи расмӣ, Благоевич дар ивази курсии Сенат аз ҷумла мехост дар давлати Обама вазифа бигирад ё дар ягон кишвар сафир таъин гардад ва барои ҳамсараш кори даромаднок пайдо кунад. Дар сабтҳо Благовювич гуфтааст “ман мехоҳам пул кор кунам.” Агар нархи пешниҳодшуда ба Благоевич писанд намеомад, вай нақша дошт, ки худаш ин курсиро ишғол кунад ва тибқи қавонини Иллинойс ӯ чунин ҳақро дошт. Дар яке аз наворҳо садои ӯ сабт шудааст, ки мегӯяд, курсии Сенат як чизи хеле қиматбаҳост ва онро бидуни фоида набояд аз даст дод.

Бо вуҷуди он ки Благоевич дастгир шудааст, вай волии Иллинойс боқӣ мемонад. Муовини вай Пат Кюни бо Благоевич телефонӣ дар тамос шуда, хоҳиш кард, ки вай муваққатан бидуни рафтан ба истеъфо аз ваколатҳояш даст кашад. Сиёсатмадорон ҳам аз ҳизби демократӣ ва ҳам аз ҳизби ҷумҳурихоҳ аз Благоевич даъват намуданд, ки истеъфояшро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG