Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо гузашти зиёда аз шаш сол аз тасвиби Барномаи давлатии ба минтақаи туризми байнулмилалӣ табдил додани ноҳияи Балҷувон, гуфта мешавад, ин барнома танҳо наздики 4 дар сад иҷро шудааст.

Ҳанўз ҳам вайрону валангор будани роҳҳо, набуди меҳмонхонаҳои муосир ва сервис, мутахассисони соҳаи ҷаҳонгардӣ, ҳатто харитаи сайёҳию шиносномаи минтақаи туристӣ сабаби бетаваҷҷўҳии сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Балҷувон будааст. Фирўза Шарифова, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, дар ин робита гуфт, барои иҷрои барномаи мазкури давлатӣ то соли 2012-ум вақт ҳаст, аммо анҷоми тамоми тарҳҳои пешбинишуда дар Балҷувон дар чаҳор соли оянда имконнопазир ба назар менамояд.

Ва аммо хонум Шарифова гуфт, дар Балҷувон бояд меҳмонхонаҳои муосири панҷситорадор бунёд шуда, садҳо километр роҳ то ин минтақаи ҷаҳонгардӣ таъмиру тармим гардад. Барои татбиқи барномаи марбут ба минтақаи туризми байнулмилалӣ шудани Балҷувон ихтисоси 85 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, аммо ин маблағро мақомоти Хатлон нокифоя мехонанд. Зеро масалан, танҳо барои сохтмон ва таъмири як километр роҳ ба ҳисоби миёна як миллион доллар лозим будааст, дар ҳоле ки аз шаҳри Душанбе, масалан, то ноҳияи Балҷувон беш аз 200 километр роҳ паймудан мебояд.

Мақомоти ноҳияи Балҷувон мегўянд, дар соли ояндаи 2009-ум тасмим гирифта шудааст, дар барномаи зикршудаи давлатӣ таҷдиди назар шавад. Акобир Турахонов, муовини раиси ноҳияи Балҷувон, бар ин назар аст, ки дар чанд соли оянда Балҷувон метавонад ба як минтақаи маъмули ҷаҳонгардӣ табдил ёбад. Вай мегўяд, бояд дар соли оянда беш аз 60 иншооти нав дар ноҳия бунёд гардад, ки барои ба минтақаи ҳақиқии туризм табдил ёфтани Балҷувон замина мегузоранд.

Аммо коршиносони масоили иқтисодӣ, иддао доранд, ки бо ихтисос додани танҳо 85 миллион сомонӣ, муодили қариб 25 миллион доллар Балҷувонро ба минтақаи туризми байнулмилалӣ табдил додан орзуе беш наменамояд, дар ҳоле ки имрўзҳо барои бунёди танҳо як меҳмонхонаи муосир дастикам 10 миллион доллари амрикоӣ лозим меояд.

Балҷувон алъон дар миёни ҷаҳонгардон аз маҳбубияти хоса бархурдор нест, дар миёни 200 сайёҳи хориҷӣ, ки имсол аз мавзеъҳои таърихию туристии Хатлон дидан кардаанд, ҳатто як нафар ҳам ба Балҷувон нарафтааст.

XS
SM
MD
LG