Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия ҷасади сарбуридаи тоҷикеро пайдо карданд


РИА-Новости хабаргузории Русия иттилоъ додааст, ки ҷасади сарбуридаи як марди тоҷик дар наздикии шаҳри Маскав пайдо шудааст. Ин хабаргузорӣ аз қавли бозрасон навиштааст, як гуруҳи номаълум ба ду марди тоҷик дар шаҳраке дар шимоли Маскав шоми рузи ҷумъа ҳамла бурдаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳамлакунандагон ба суи тоҷикон оташ кушодаанд. Як нафар аз муҳоҷирон аз тири ҷинояткорон ҷароҳат бардоштааст, вале ба вай муяссар шудааст, ки бо ҷароҳат аз маҳали ҳодиса фирор кунад ва ҷон ба саломат барад. РИА-Новости навиштааст, ҷасади марди дигар бо сари бурида рузе баъд дуртар аз маҳали ҳодиса пайдо шудааст. Хабаргузорӣ гуфтааст, барои гирифтани тавзеҳоти бештар наметавонад бо пулис тамос бигирад. Гуруҳи ҳуқуқи башари СОВА мегуяд, дар давоми соли ҷорӣ дар Русия 82 нафар дар ҳамлаҳои ваҳшиёна кушта шудаанд. Дар соли 2007 шумораи чунин кушторҳо 75 нафарро ташкил мекард.

XS
SM
MD
LG