Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳод дар бораи афзоиши нируҳо дар Афғонистон


Генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Ховари Миёна ва Афғонистон гуфтааст, вай пешниҳод кардааст, ки шумораи нируҳо дар Афғонистон афзоиш ёбад. Вай ин нуктаро дар Рум дар Маркази мутолеъоти Амрико изҳор доштааст. Вай пешниҳод кардааст, ки шумораи нируҳо тақрибан ду баробар афзоиш дода шавад. Интизор меравад, ки Дэвид Петреус имруз бо Силвио Берлусконӣ-нахуствазир ва Игназио Ла Русса-вазири дифоъи Итолиё дидор ва гуфтугу кунад.

XS
SM
MD
LG