Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳиндустон номи гумонбарони ҳамлаи Мумбайро нашр кард


Пулиси Ҳиндустон ном ва аксҳои 9 нафар аз тундравҳои гумонбар ба ҳамлаҳои террористии Мумбайро ба нашр расондааст. Бино ба иттилоъи пулис, ҳамаи ин афрод аз Покистон будаанд. Ҳиндустон гуруҳи тундрави Лашкари Тайибаро, ки дар Покистон дар минтақаи Кашмир фаъолият мекунад, дар ин ҳамлаҳо ва куштори 170 нафар муттаҳам медонад. Дируз Покистон изҳор дошт, ки ҳеҷ як аз гумонбарони ҳамлаи Мумбайро ба Ҳиндустон таслим нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG