Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дафни усқуф Алексий дар Маскав


Имрӯз дар Маскав ҷасади аввалин падарсолори калисои православи Русия дар давраи пасошӯравӣ, усқуф Алексии дувум, ки рӯзи ҷумъа дар синни 79-солагӣ даргузашт, ба хок супурда шуд. Расми дафн дар Калисои ҷомеъи Масеҳи Наҷотбахш дар ҳузури падарсолори ҷаҳонии православҳо Бартоломюи аввал ва бо ширкати ҳазорон нафар таҳти муноҷоти мазҳабӣ ҷараён гирифт. Дар расми дафн дигар сарони калисои православ низ ширкат доштанд. Ватикан ҳам як ҳайати баландпояи худро барои ин ба Маскав фиристод. Усқуф Алексии дувум наздик ба ду даҳа яке аз бузургтарин ҷомеаҳои православи ҷаҳонро сарварӣ кард. Митрополит, ё усқуфи шаҳрнишини Смоленск ва Калининград, Кирил, иҷрокунандаи муваққатии вазифаҳои Алексий эълон шуд ва раҳбари нави калисои правосалии Русия бояд дар шаш моҳи оянда баргузида шавад.
XS
SM
MD
LG