Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Олмон ва Фаронса аз Узбакистон


Олмон ва Фаронса, тибқи хабарҳо, дар номае ба ҳукумати Узбакистон аз Тошканд хостаанд, ба фаъолияти намояндаи Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч дар Узбакистон иҷоза диҳад. Хабаргузории Ройтерз менависад, ин нома ба вазири умури хориҷии Узбакистон расонда шудааст. Тошканд дар моҳи июл ба вуруди намояндаи Ҳюман Райтс Вотч ба Узбакистон иҷоза надод ва ин ҳам дар ҳоле ки Иттиҳоди Аврупо ба шарти имконияти кори чунин созмонҳо дар Узбакистон таҳримҳои зидди Тошкандро сабук кард. Таҳримҳо дар соли 2005 дар робита ба тирборон шудани тазоҳуркунандагон дар Андиҷон ҷорӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG