Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи фасоду ришватхорӣ дар кишварҳои ҷаҳон


Дар гузориши нави созмони Transparency International вазъи фасоду ришвахорӣ дар бахши тиҷорати 22 кишвари ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Масъулини Transparency International ҳамроҳ бо ширкати Gallup International арзёбии вазъи фасоду ришватхорӣ дар бахши тиҷорати ин мамоликро бар пояи сӯҳбат бо 2742 корманди ширкатҳои тиҷоратии 26 кишвар таҳия кардаанд. Тибқи ин гузориш, аз рӯи шохиси ришватдиҳандаҳо ширкатҳои Русия барои расидан ба аҳдофи тиҷорати худ дар хориҷи кишвар аз ҳама бештар ришват пешниҳод мекунанд. Вазъи ришватхорӣ дар ширкатҳои Чин, Мексика, Ҳиндустон, Бразилия ва Италия низ нигаронкунанда арзёбӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки пешниҳоди ришват барои татбиқи тарҳҳо дар хориҷи кишвар аз сӯи ширкатҳои Белгия ва Канада аҳён-аҳён ба чашм мерасад. Ҳоланд, Швейсария, Олмон, Ҷопон ва Бритониё ҳам дар сафи кишварҳоеанд, ки ширкатҳояшон барои расидан ба аҳдофи тиҷоратӣ дар хориҷи кишвар аз додани ришват парҳез мекунанд. Тибқи гузориш, аз ҳама бештар ширкатҳои бинокорӣ, нафту газ ва саноати вазнин барои пешбурди тиҷораташон берун аз кишвар ришват пешниҳод менамоянд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки сатҳи фасоду ришват дар ширкатҳои машғул ба моҳидорӣ ва ширкатҳои молия аз ҳам пойинтар аст.

Зимнан, дар гузориши се моҳ пеши Transparency International низ вазъи фасод дар Русия мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд. Муаллифони он гузориш навишта буданд, ки “миёни кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ вазъ фақат дар Гурҷистон беҳбуд ёфтааст ва ҳамзамон рейтинги Русия ва Укроин чун пештара пойин меравад”. Ба иттилоъи Transparency International, фасод қариб ҳама бахшҳои ҷомеъи Русия – сиёсат, ҳифзи тартибот, додгоҳ, тиҷорат, беҳдошт ва маорифро фаро гирифтааст.

Созмони шаффофият ба тарҳи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев барои аз беху бун баркандани фасод шубҳа дорад, зеро “танҳо таҳияи чунин нақша сатҳи фасод дар кишварро пойин намебарад”. Муаллифон мутмаинанд, “то замоне, ки назорат аз болои татбиқи ин тарҳ бар дӯши мақомоту мансабдорон аст ва ҷомеъа ба он бетарафона назар медӯзад, гумон аст, ки вазъи фасод дар Русия беҳбуд ёбад”.

Дар феҳрасти Transparency International, ки ҳамроҳ бо гузориши се моҳи пеш нашр шуда буд, Тоҷикистон ҳамроҳ бо Белорус дар хати 151-ум ҷой гирифта буд. Се кишвари дигари Осиёи Марказӣ - Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон 15 зина пойинтар аз Тоҷикистон қарор доштанд.

Зимнан, дар аксар кишварҳои пешрафтаи олам фасод ва ришват чун падидаи хатарбор барои ҷомеъа арзёбӣ ва барои ин ҷиноят муҷозоти сангин муқарар шудааст. Ҷазо барои ришвату фасод, ба вижа, дар Иёлоти Муттаҳида шадид аст – муҷрим ба ҷаримаи маблағаш се баробар бузургтар аз ришвати пешниҳодшуда ё 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум мешавад.

Зимнан, додгоҳ метавонад айбдорро ҳам ба пардохти ҷарима маҳкум кунад ва ҳам ба маҳрумият аз озодӣ. Корманди системи бонкии федеролӣ, ки барои мусоидат дар дарёфти қарз пишват гирифтааст, ба маблағи як миллион доллар ҷарима пардохт мекунад ва 30 сол умрашро дар маҳбас сипарӣ мекунад. Ҳатто барои додан ё гирифтани ба истилоҳ “чойпулӣ” ҷарима аз рӯи салоҳдиди додгоҳ ваё 2 соли маҳбас муқаррар шудааст.

Дар Канада корманди додгоҳ, комиссари полис ё вакили органи қонунбарор фақат барои ризоят ба гирифтани ришват барои 14 сол маҳкум ба зиндон мешавад. Дар Фаронса раҳбарон ва кормандони муассисаҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ барои ришватхорӣ ба муддати 7 сол равонаи зиндон мешаванд, кормандони масъул барои содир кардани ин ҷиноят даҳ солро дар чаҳордеҳори маҳбас сипарӣ мекунанд.

Қавонини Фаронса ба кормандони масъул гирифтани ҳама гуна тӯҳфаро қатъӣ манъ кардааст ва шахси аз ин роҳ берун қадамниҳода аз сӯи додгоҳ ба ҷаримаи бузург ваё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 10 сол маҳкум мешавад.

XS
SM
MD
LG