Пайвандҳои дастрасӣ

Баста шудани 13 мадраса дар вилояти Уши Қирғизистон


Мақомоти давлатии Қирғизистон мегӯянд, аз 16 мактаби исломӣ ё мадрасаи минтақаи Уш, 13-тоашро бастаанд. Ин тасмим зимни зербинои қашшоқ, бесаводии омӯзгорон ва камбуди китобҳои дарсӣ гирифта шудааст. Вале ҳомиёни ҳуқуқи инсони Қирғизистон мегӯянд, ин иқдоми мақомоти маҳаллӣ нақзи озодиҳои динии аҳолӣ мебошад. Дар минтақаи Уш, ки аксарияти аҳолии онро узбактаборон ташкил медиҳанд, 624 масҷид ва 16 мардаса расман сабти ном шудаанд. Акнун танҳо се мардаса ҳаққи фаъолият хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG