Пайвандҳои дастрасӣ

Ришвадиҳии ширкатҳои Русия ва Чин дар хориҷа


Созмони Шаффофияти Байнулмилал, ки дар Берлини Олмон марказ дорад, мегӯяд, ширкатҳои Русия ва Чин, ки иқтисодиёташон дар ҳоли густариш аст, зоҳиран беш аз дигарон ҳангоми тиҷорат дар хориҷ аз ришва истифода мекунанд. Дар пажӯҳиши нави ин созмон 22 кишвари аз лиҳози иқтисодӣ бонуфуз дар ин замина ва тибқи баёноти беш аз 2700 раҳбари ширкату корхонаҳои бузург раддабандӣ шудаанд. Белгия ва Канада кишварҳое мебошанд, камтар аз дигарон ба порадиҳӣ дар хориҷа олуда шудаанд.
XS
SM
MD
LG