Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи хабарҳои расида мақомоти Қирғизистон, дар ҷануби ин кишвар фаъолияти 13 мадрасаро боздоштаанд.

Мақомоти Қирғизистон дар робита ба ин мавзӯъ мегӯянд, маълум нест, ки дар ин мадрасаҳо киҳо ба фарзандони мардум таълимоти динӣ медиҳанд ва оё ин мударрисон аз илми ислом ба хубӣ огаҳ ҳастанд ё не. Гулойим Машрабова, ноиби раиси вилояти Ӯш, мегӯяд, баъди пажӯҳиши фаъолияти 16 мактаби динӣ маълум шуд, ки дар 13-тои он базаи моддиву фаннӣ хеле заиф аст. Вай афзуд, ҳамчунин таҳқиқ нишон дод, ки мударрисони ин мактабҳо саводи казоии динӣ надоранд.

Бар асоси суханони Гулойим Машрабова, маҳз ба ҳамин далел мақомоти вилоят тасмим гирифтанд, ки фаъолияти 13 мадрасаро боздоранд. Аммо Абдумалик Турсунбеков, ноиби раиси мусалмонони вилояти Ӯш, ба радиои Озодӣ гуфт, ки дастандаркорони ҳукумати вилоят фақат фаъолияти 6 мактаби диниро боздоштаанд.

Абдумалик Турсунбеков мегӯяд, ки ҳамаи мактабҳои динии вилояти Ӯш дар вазорати адлия сабти ном шудаанд, вале ҳукумат дар мавриди таъмини молии ин мактабҳо иқдоме нанамудааст. Ба гуфтаи ӯ, ахиран мударрисони зиёд, имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъи чанд ноҳия ва ҳатто теъдоди зиёди ҷавонони бомаърифат кишварашро тарк карданд ва барои таъмини маъшати аъзои хонаводаашон ба хориҷа рафтанд.

Дар ҳамин ҳол коршиносони масоъили дин мегӯянд, дар ҷануби Қирғизистон фақат бастани мадрасаҳои динӣ мунҷар ба норизоиҳои мардуми маҳаллӣ нашудааст. Ба гуфтаи онҳо дар мактабҳои таълимоти умумии минтақаи ҷануб бо рӯймол ба дарс ҳозир шудани духтарон мамнӯъст, ки мавҷи ин норизоиҳоро дар минтақаи мазбур афзудааст. Коршиносон мегӯянд, гузашта аз ин чунин ҳол баъзе падару модаронро дар вазъи ногувор гузоштааст ва онҳо намедонанд, ки духтарони худро аз мактаб боздоранд ва ё розӣ шаванд, ки духтаронашон аз бастани рӯймол даст кашанд.

Ба таъкиди коршиносон, ин дар ҳолест, ки аз суқути даврони шуравӣ 17 сол сипарӣ шудааст, вале чунин ба назар мерасад, ки баъзе дастандаркорони идораҳои ҳукуматии Қирғизистон ҳанӯз ба ғояҳои даврони шуравӣ содиқ мондаанд ва бастани рӯймол ва ё пӯшидани поҷома барои духтарони синни мактабиро ғайр аз хурофот чизи дигар намешуморанд.

XS
SM
MD
LG