Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони коршикан пирӯз шуданд, аммо...


Пас аз 12 рӯзи корпартоӣ муҳоҷирони тоҷик якҷо бо ҳамтоёни худ аз Узбакистону Қирғизистон дар Екатеринбург ба иҷрои талаби худ ноил шуданд. Имрӯз ширкати "Алфа-Строй" ба додани пули дар се моҳи охир коркардаи онҳо оғоз намуд. Наздик ба 300 бинокори муҳоҷир аз 27-уми ноябр ба нишони эътироз аз пардохт нашудани моҳонаҳои худ коршиканӣ эълон карда, талаби худро на танҳо ба сарони ин иширкат, балки ҳамчунин ба мақомоти давлати Русия ва матбуот расонданд. Додситонии шаҳри Екатеринбург бо қазия шинос шуда, иҷрои талаби муҳоҷиронро зери назорат гирифт. Он дастур дода буд, ки моҳонаи мардикорон то 3-юми декабр пардохт шавад. Аммо ширкати "Алфа-Строй", ки иҷрокунандаи тарҳи сохтмон буд, коршарикаш, ширкати фармоишгар "СКА"-ро айбдор кард, ки дастмузди коргаронро интиқол надодааст. Хабаргузориҳо мегӯянд, ширкати "СКА" тасмим гирифтааст, ширкати иҷрокунандаро иваз кунад ва аз нерӯи муҳоҷирони эътирозгар даст кашад.
XS
SM
MD
LG