Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама, «Гуан-танамо» ва террористон


Гуантанамо

Гуантанамо

5 муттаҳам дар амали террористӣ рӯзи интихобшавии Барак Обама ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, тасмим гирифтанд ҳамаи иттиҳомотро эътироф кунанд.

Ба ақидаи таҳлилгарон ҳамин тавр ба назар мерасад, ки гумонбаршудагон мехоҳанд муҳокимаашон то рӯзи савганди Обама ба поён расад.

Ёдовар мешавем, Обама ваъда дода буд, ки боздоштгоҳи Гуантанамои воқеъ дар Кубаро бибандад.

Айбдоршавандаи аслӣ Холид Шайх Муҳаммад мегӯяд, вай ва боз як нафари дигар то замоне, ки санҷиши тиббии ду гумонбаршудаи боқимонда муайян накунад онҳо рӯҳан солиманд, мунтазир хоҳанд монд ва ба гуноҳашон дар якҷоягӣ иқрор мекунанд.

Расми дасткаш аз Холид Шайх Муҳаммад (мобайн) ва ҳаммаслакаш Валид бин Оташ дар мурофиъаи додгоҳӣ дар Гуантанамо

Шайх Муҳаммад ва боқии айбдоршавандагон бар инанд, ки ҳукми эъдомро истиқбол мекунанд ва аз ин роҳ ба мартабаи баланди шаҳодат ноил мегарданд.

Онҳо дар куштори дастаҷамъии дастикам 3 000 шахси бегуноҳ муттаҳам мешаванд ва, агар гуноҳи онҳо исбот шавад, тибқи қавонини Амрико онҳоро ҳукми қатл интизор аст. Изҳороти айбдоршавандагон барои хешу наздикони қурбониёни ҳамлаҳои маъруф ба 11-уми сентябр, ки дар мурофиъа ширкат доштанд, ғайри мунтазира буд.

Писари Элис Ҳогланд аз Редвуди Калифорниё дар ҳавопаймо миёни онҳое буд, ки ба террористон имкон надоданд ҳавопайморо ба Кохи сфаед фуруд оваранд. Э. Ҳогланд мегӯяд, ки умедвораст Обама марди оқил ва адолатҷӯст ва замонат медиҳад, ки ин 5 ҷинояткор ҷазои сазовор бигиранд.

Қозии додгоҳи низомии боздоштгоҳи Гунтанамо сарҳанги артиш Стивен Ҳенлӣ аз гумонбаршавандагон суъол кард, ки оё ҳамашон мехоҳанд ба гунаҳкор буданашон иқро шаванд. Ин 5 нафар посухи мусбат доданд. Аммо Ҳенлӣ гуфт, ки то замони натиҷаҳои озмоиши саломатии рӯҳии ду айбдоршаванда ин эътирофи гуноҳ ба расмият шинохта нахоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои мухталифи ҳомии ҳуқуқи башар борҳо шеваи мурофиъаҳои боздоштшудагони Гуантанаморо мавриди интиқод қарор медоданд. Мушовири парвандаҳои зиддитеррористӣ дар созмони “Ҳуман Райтс вотч” Стейсӣ Саливан бар ин назар аст, ки, агар парвандаҳои муттаҳамшавандагон дар терроризм на дар додгоҳҳои низомӣ, балки дар додгоҳи ғайринизомии Амрико баррасӣ мегашт шояд ҳамаи ин шубҳаҳо аз байн бурда мешуд.

XS
SM
MD
LG