Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Империяи панҷум» ё «Ховари миёнаи нав»?


Як сиёсатмадори рус бо пешниҳоди эҷоди "Ховари Миёнаи нав" мегӯяд, Русия метавонад дар давоми 20 соли оянда тавассути саноатисозии иқтисодҳои Осиёи марказӣ ва Ховари Миёна ба таъмини суботу амнияти минтақа ва пешрафтҳои иқтисодӣ дар ин қаламрав даст ёбад.

Юрий Крупнов, раҳбари ҷумбиши сиёсии "Инкишоф" дар Маскав мегӯяд, тарҳи геополитикии вай кишварҳои Русия, Чин, Муғулистон, Озарбойҷон, Туркия, Покистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро дар бар мегирад. Вай мегӯяд, Русия метавонад, ин, ба истилоҳ, Ховари Миёнаи навро тавассути технологияҳои навин маблағгузорӣ карда, инкишоф диҳад. Назарияи Юрий Крупнов ҳокист, ки барои расидан ба ин ҳадафи хеле сахт, аммо ба қавли вай қобили иҷро, қабл аз ҳама бояд дар самти эҳёи Афғонистон ба ҳайси як давлати мустақил ва аз лиҳози иқтисодӣ тавонманд амал карда, масоили барои ҳама кишварҳои минтақа таъсиргузори кишти хашхош ва терроризмро аз байн бурд. Таъмини пурраи амният, таъсиси минтақаи воҳиди иқтисодиву нақлиётӣ, ки Сибири Русияро тавассути Роҳи оҳан бо Халиҷи Форс мепайвандад ва инчунин эҷоди зербинои муштараки тақсими об дар минтақа аз қадамҳои дигари тарҳи мазкур аст.

Ба назарҳои донишманд ва сиёматмадори рус Юрий Крупнов, дар ин замина, таҳлилгарони минтақа вокунишҳои мухталиф нишон медиҳанд. Санавбар Шерматова, сиёсатшиноси ӯзбаки муқими Маскав мегӯяд, ҳарчанд бо чанде аз андешаҳои донишманди рус розӣ нест, аммо ин андешаҳо ба сурати кулл қобили арзёбист. Ҳоло, мегӯяд Санавбар Шерматова, онҳое, ки дар доираҳои ҳукуматии Маскав мечарханду тасмимгирандаҳои аслии Кремлин маҳсуб мешаванд, бояд бо ин ақида аз наздик шинос шуда, онро такмил диҳанд. Вай мегӯяд, элитаи сиёсии Русия бояд бахубӣ дарк кунад, ки корхонаҳои саноатиро бояд ба бозорҳои арзони хориҷӣ баровард, тавре Ғарб бо Чину Осиёи ҷанубу шарқӣ мекунад.

Аммо таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ қобили иҷро будани тарҳи бунёди Ховари Миёнаи навро зери суол бурда мегӯяд:

"Дар Русия нирӯҳои зиёде ҳастанд, ки дар фикри барқарор намудани на танҳо нуфузи сиёсии худ, балки дар фикри барқарории он чи ки онҳо чун "империяи панҷум" ёд мекунанд, мебошанд. Нухбаҳои сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ ин амрро намехоҳанд, ин як. Дуввум: на Амрико ва на Аврупо тарафдори ин гуна фикрҳо нестанд, ба ҳамон дараҷае, ки худи Чин ва Русия муқобили ҳама гуна тарҳҳои шабеҳи "Ховари бузурги Аврупо" мебошанд. Чунки кишваре, ки ин тарҳро пешниҳод мекунад, ният дорад, ки нуфузи миллии худро бештар кунад, манфиатҳои миллии худро ҳимоят кунад ва ин манфиатҳо бо манфиатҳои қудратҳои дигар мувофиқ нестанд".

Дар ҳамовозӣ ба Рашид Ғанӣ, ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ки идеяи мазкур нав нест ва то ҳол ҷаҳон шоҳиди чандин талоши тавсеаи нуфузи сиёсии як қудрат тавассути экспансияи ҷуғрофиёиву иқтисодӣ шудааст. Досим Сатпаев, таҳлилгари қазоқ як мақоли маъруфи дипломатҳои хориҷиро ба ёд овард, ки бо мақоли тоҷикии "ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар" шабоҳат дорад:

"Дар қадами аввал рӯҳонӣ меояд, баъдан тоҷир ва ниҳоят сарбоз меояд. Ин тарҳ ҳамеша кор меояд: яъне аввал бартарияти идеологӣ тавсеа меёбад, баъдан, агар натиҷа надод, тоҷир меояду талош мекунад, ки тавассути шеваҳои иқтисодӣ минтақаро ба худ дилгарм кунад. Ҳамингуна ба Осиёи Марказӣ аввал амрикоиҳо роҳ ёфтанд, ҳоло ин корро чиноиҳо мекунанд. Аз ин хотир, ба назари ман Русия бояд бидонад, ки вориди як минтақаи пуррақобат мешавад. Худи ин ақида хуб аст, аммо савол ин ҷост, ки то куҷо Русия барои иҷрои он имкон дорад?".

Донишманди рус Юрий Крупнов дар тарҳи "Ховари Миёнаи нав"-аш мегӯяд, ки бо вуҷуди мушкилоти марбут ба бӯҳрони моливу иқтисодии баамаломада, Русия бояд дар Осиёи Марказиву Афғонистон корхонаву фабрикаҳо, роҳҳои оҳан ва дигар лоиҳаҳоро ҳамзамон бунёд кунад. Барои дарёфти сармояҳо, мегӯяд вай, мешавад соҳибкорони сарватманди русро аз хориҷа ва маблағҳоеро аз Маскав ва манотиқи аврупоии Русия ҷалб кард.

Анет Бор аз Пажӯҳишгоҳи шоҳигарии равобити байналмилалӣ воқеъ дар Лондон мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он чи ки Русия то имрӯз дар қиболи Афғонистон кардаасту дар эҳёи ин кишвар саҳми ночизе доштааст, мешавад гуфт, ки ин талошҳояш ҳам натиҷа нахоҳад дод. Анет Бор бо ёдоварӣ аз рӯйдодҳои начандон дури таърихи минтақаи Осиёи Марказӣ меафзояд:

"ИМА талош кард, ки кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва Покистонро дар амри эҷоди минтақаи азими Осиёи Марказӣ муттаҳид кунад. Ин як стратегияи амнияти миллии ин кишвар буд. Ва ҳадаф ин буд, ки бо эҷоди равобит миёни Осиёи Миёна ва Афғонистон ва баъдан Покистону Осиёи Ҷанубӣ аз хатарҳое мисли ифротгариву терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ шавад. Аммо Амрико дар ин роҳ аслан муваффақ нашуд. Вазъи Афғонистон чунин аст, ки талошҳои анҷомшуда барои тавсеаи равобити тиҷоратиаш бо дигар кишварҳо то ҳол натиҷаи хеле ва хеле ночиз додааст".

Анет Бор афзуд, ки ваъдаи моҳи апрел дар нишасти НАТО дар Бухарест додаи Русия, ки метавонад қаламрави кишварашро барои истифода ба ҳайси гузаргоҳи нақлиётии ин паймони Авроатлантикӣ ба Афғонистон, тавассути Осиёи Миёна пешниҳод кунад, то ҳол рӯи коғаз мемонад. Вай мегӯяд, ки идеяҳои сиёсатмадори рус "барои дастёбӣ ба пешрафт тавассути саноатисозӣ як минтақагароии оддист, ки касе онро қабул нахоҳад кард", чунки худи минтақаи мавриди баҳс чандон амн нест.

Ҳамсӯҳбатони мо инчунин бо ишора ба вуҷуди ихтилоф дар миёни бархе кишварҳои минтақа бори дигар иҷрои тарҳи "Ховари Миёнаи нав"-ро таҳти шубҳа қарор медиҳанд. Досим Сатпаев масалан мегӯяд, кишварҳое мисли Ӯзбакистон ва Туркманистон, ки ҳамеша мухолифи рафтан ба зери нуфузи кадоме аз қудратҳои дигаранд, аз ин идея тарафдорӣ нахоҳанд кард.

Танҳо манфиате, ки аз ин ҳама тарҳҳо кишварҳои хурди мисли Тоҷикистон дида метавонад, мегӯяд таҳлилгар Рашид Ғанӣ, ин аст, ки аз шароити рақобатпазире, ки дар бозори дохилиаш эҷод мешавад, ба манфиати сиёсиву иқтисодии худ истифода кунад. Вай мегӯяд, "агар ҳамин рақобат намебуд, гумон аст, ки Тоҷикистон ба анҷоми сохтмони Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 умед мебасту роҳҳои нақлиётиро аз марказ ба шимол ва барқро аз ҷануб ба шимол васл мекард". Таҳлилгар гуфт, ба хотири ҳамин рақобат ба иқтисоди Тоҷикистон миқдоре сармояҳо ҷорӣ шуд.

XS
SM
MD
LG