Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамдилии муҳоҷирон дар рӯзи ид дар Русия


Фаррух Мирзоев, раиси ҷамоъаи тоҷикони вилояти Свердлов хабар дод, коргарони ҳақталоши тоҷик рӯзи 8 декабр дар масҷиди чомеъи шаҳри Екатеринбург Иди Қурбонро бо 3 ҳазор ҳамватану ҳаммаслакони худ, бо баргузории намози ид таҷлил карданд.

Фаррух Мирзоев ҳамчунин хабар дод, ба хотири рӯзи ид коргарони рус, укроин ва серб тоҷиконро аз навбатдории шабонарӯзии майдончаи сохтмон озод карданд.

250 коргари тоҷик, ҳамроҳ бо коргарони серб, рус, укроин, қирғиз, узбак ва туркман дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Екатеринбурги Русия дар эътироз ба беадолатии корфармоён даст ба коршиканӣ задаанд ва ҳаққи кори семоҳаи худро талаб доранд, аммо корфармоён наздик ба ду ҳафта аст, ки имрӯзу фардо мекунанд.


Намози ид рӯзи 8 декабр дар тамоми шаҳрҳои бузурги Русия баргузор шуд. Дар ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Федеросюни Русия: Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон, Чеченистон, Ингушистон ва Қабардину Балқар 8 декабр расман рӯзи таътил эълом шудааст.

Иди Қурбон дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Маскав бо ширкати беш аз 40 ҳазор намозгузор баргузор шуд. Равил Ғайнуддин, муфтии аъзами мусалмонони Русия намозгузоронро ба фарораси ид шодбош гуфт. Муфтии аъзами Русия дини Исломро оини сулҳу сафо хонд ва хостори сулҳу оромиш дар Ироқ, Афғонистон ва саросари олам шуд.

Шайх Рафил Ғайнуддин ҳамчунин ба сабаби даргузашти усқуфи аъзами Русия Алексий II ба масеҳиёни Русия тасаллият арз кард.



Дар Русия беш аз 20 миллион мусалмон ба сар мебарад. Имсол аз Русия беш аз 20 ҳазор нафар ба тавофи Каъба сафар кардаанд. Дар Русия беш аз ҳазор масҷид ва 3.5 ҳазор ҷамоъату созмони мусалмонӣ фаъолият мекунад. Бино ба омори муфтиёти Русия, шумораи мусалмонон аз ҳисоби коргарон аз Осиёи Марказӣ тайи солҳои ахир ба маротиб афзудааст.

XS
SM
MD
LG