Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имруз Юнон нооромиҳои бештарро мунтазир аст


Имруз мақомоти Юнон нооромиҳои бештарро мунтазиранд, зеро навҷавони 15-сола, ки аз тири пулис кушта шуда буд, ба хок супурда мешавад. Дар ҳоле, ки дар Юнон нооромӣ идома дорад ва милиёнҳо евро ба бахшҳои тиҷорату ҷаҳонгардии ин кишвар осеб расидааст, Кобинаи вазирони Юнон ҷаласаи изтирорӣ баргузор кардааст. Нахуствазир Костас Караманлис аз телвизюни давлатӣ мардумро ба оромӣ даъват кард. Вай аз унсурҳои тундрав интиқод кард, ки вазъро мутташаниҷ сохтаанд. Вай афзуд мақомот хушунатро таҳаммул нахоҳанд кард. Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни нооромӣ дар Афина 130 мағоза хароб шудааст. Дар Тессалоникӣ ва 8 шаҳру шаҳраки дигар низ нооромиҳо ба назар расидааст.
XS
SM
MD
LG