Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди президенти Аргентина аз Руссия сар мешавад


Хонум Кристина Фернандес-раиси ҷумҳури Аргентина ва бештар аз 100 нафар раҳбарони бахши соҳибкориву тиҷорат барои боздиди дуруза дар роҳ ба суи Руссия қарор доранд. Дар ҷараёни ин боздид ҷонибҳо дар бахшҳои энерживу маъодан ва тиҷорат мувофиқатномаҳо имзо мекунанд. Хонум Фернандес бо Влодимир Путин-нахуствазир ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳур мулоқот мекунад. Руасои ҳар ду ҷамоҳир ба нақша гирифтаанд, ки дар бораи ҳамкории Лукойл-бузургтарин ширкати хусусии нафти Руссия ва ширкати Энергияи Аргентина қарордоди ҳамкорӣ имзо кунанд.

XS
SM
MD
LG