Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Руссия як моҳ мошини "Форд" тавлид намешавад


Ширкати амрикоии мошинсозии Форд гуфтааст, барои як моҳ талиди мошин дар корхонаи мустақар дар Руссияро бозмедорад, зеро дар натиҷаи буҳрони сартосарии молӣ ниёз ба ин мошинҳо камтар шудааст. Ин корхона, ки дар Всеволожски Руссия ҷойгир аст, гуфтааст, дар робита бо таътили Соли Нав ва ниёзи камтар ба ин мошинҳо фаъолияташро аз 24-уми декабр то 24-уми январ бозмедорад. Ин корхона дар 24 километрии Санкт Петербург ҷойгир аст ва дар он 2 ҳазору 200 нафар кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG