Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо хостори истеъфои Мугабе шуд


Иттиҳоди Аврупо аз раисиҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабе даъват кард, ки баъд аз 30 соли сарварии кишвар ба истеъфо равад. Ҳавиер Солана, раҳбари бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳоди Аврупо изҳор намуд, замоне расидааст, ки болои Мугабе аз фишори шадид кор гирифта шавад то ӯ маснади худро тарк намояд. Ва аммо Николя Саркози, раисиҷумҳури Фаронса, кишвари раҳбари даврии Иттиҳоди Аврупо, дар навбати худ гуфт, ки Зимбабве то имрӯз “ба таври кофӣ азият кашидааст”. Вазирони хориҷаи кишварҳои аврупоӣ ба хотири таҳкими таҳримҳо болои Роберт Мугабе ва атрофиёни ӯ дар як нишаст дар Брюсел ҷамъ омадаанд.
Дар Зимбабве ҳафтаҳои ахир камбуди маводи озуқа ба чашм мерасад, бемории тиф бошад ба риштаи умри тақрибан 600 нафар миқроз задааст.

XS
SM
MD
LG