Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо бо роҳзанҳои дарёӣ мубориза мебарад


Иттиҳоди Аврупо расман ба шаш киштии низомӣ иҷоза дод, ки ба хотири мубориза бо роҳзанҳои дарёӣ ба соҳилҳои Сомалӣ раҳсипор шаванд. Гурӯҳи киштиҳо таҳти фармони витсе-адмирали бритониёвӣ Филипп Ҷонс флотилияи НАТО-ро иваз хоҳад кард, ки аз моҳи октябр ба ин сӯ киштиҳо бо кумаки башарӣ барои Сомалиро раҳбаладӣ ва ҳимоя мекунад. Киштиҳои низомии Иттиҳоди Аврупо низ бояд киштиҳои боркашро раҳбаладӣ ва онҳоро аз ҳамлаи роҳзанҳои дарёӣ муҳофизат кунанд.
Айни ҳол чанд киштӣ, аз ҷумла, киштии укроинии “Фаина” бо чанд танк ва лавозимоти низомӣ ва киштии бузурги нафткашони Арабистони саъудӣ дар банди роҳзанҳои Сомалиянд. Роҳзанҳо барои раҳоии ин киштиҳо миллионҳо доллар талаб доранд.

XS
SM
MD
LG