Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи бенизомиҳо дар шаҳрҳои Юнон


Дар Юнон се рӯз боз тазоҳуроти оммавӣ идома меёбад. Чанд созмони чапгаро имрӯз дар шаҳрҳои кишвар гирдиҳамоӣ ва раҳпаймоиҳои эътирозӣ доир карданианд. Гурӯҳи эътирозгарон аллакай бинои чанд донишгоҳро ишғол намуданд. Бенизомиҳо дар Юнон рӯзи шанбе, баъд аз куштори як наврас аз сӯи кормандони полис шурӯъ шуданд. Мақомоти кишвар дар бораи боздошти муҷримони ин ҳодиса хабар доданд ва мардумро ба оромиву сабурӣ даъват карданд. Прокопиос Павлопулос, вазири умури дохилаи Юнон гуфт: Намоишҳои эътирозӣ метавонанд баргузор шаванд ва бояд баргузор шаванд, шаҳрвандони барои дифоъ аз ғояву принсипҳои худ ҳаққи комил доранд. Ва аммо, ман мехоҳам ба ин нукта таъкид кунам, на аз роҳи нобудсозии моликияти шахсӣ, на аз тариқи хушунат алайҳи мардуме, ки ягон гуноҳ надоранд”.

Бар асари бенизомиҳо дар шаҳрҳои Юнон ва бархурд бо эътирозгарон беш аз 20 корманди полис ҷароҳат бардоштанд, ба даҳҳо мағозаву банк хисорот ворид шуда, 25 мошин ба коми оташ фурӯ рафтааст.

XS
SM
MD
LG