Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи бозрасии парвандаи Холид Шайх Муҳаммад


Имрӯз дар маҳбаси пойгоҳи низомии Амрико дар Гуантанамои Куба бозрасии муқаддамотии парвандаи Холид Шайх Муҳаммад оғоз меёбад, ки дар ташкили ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба ду шаҳри бузурги ИМА айбдор мешавад. Парвандаи Холид Шайх Муҳаммад ва чаҳор ҳампаймони ӯ аз сӯи додгоҳи низомӣ бозрасӣ мегардад. Агар гуноҳи ин афрод тайид шавад, додгоҳ шояд онҳоро ба марг маҳкум кунад.

Пайвандони бархе аз қурбониёни ҳаводиси 11 сентябр барои ширкат дар мурофиа ба Гуантанамо омадаанд. Бар асари ҳамлаи густардаи террористӣ ба биноҳои Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Ню Йорк ва бинои Пентагон дар Вошингтон 11 сентябри соли 2001 тақрибан се ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG