Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ТадАЗ боз қаҳрамони футболи Тоҷикистон?


Се бозии давраи чаҳоруми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ бар тими меҳмон – «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Регар» ТадАЗ бо 88 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. «Хуҷанд» бо 79 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. «Парвоз» бо 78 имтиёз ҷои севумро касб кардааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дастаи «Регар» ТадАЗ, бешак, барои ҳафтумин бор соҳиби медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон хоҳад шуд. Барои дарёфти медалҳои нуқраву биринҷӣ бошад, мубориза байни ду даста – «Хуҷанд» ва «Парвоз», ки шонси баробар доранд, торафт тезутунд мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки соҳибони ҷойҳои дуввуму севум дар бозии охирини мусобиқот байни «Хуҷанд» ва «Парвоз», ки 26-уми декабр дар варзишгоҳи «Спартак»-и маркази вилояти Суғд доир мегардад, маълум хоҳанд шуд.

Вале сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мусобиқоти имсола бо ширкати 11 даста хеле тӯл кашид ва дар арафаи Соли Нав ба анҷом мерасад. Ҳол он ки мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ – Узбакистону Туркманистон ва Қазоқистону Қирғизистон ба поён расидаанд. Оқои Ҳабибуллоев афзуд, ба иллати набуди маблағ ССКА «Помир»-и Душанбе аз ширкат дар давраи чаҳоруми мусобиқот даст кашид. Бо ҳамин сабаб тими «Саройкамар»-и Панҷ низ барои дидор бо тимҳои «Парвоз»-у «Хуҷанд» ба вилояти Суғд сафар карда натавонист, бинобар ин аз мусобиқот хориҷ шуд.

Дар сабқати беҳтарин голзанҳои мусобиқоти қаҳрамонии кишвар Сӯҳроб Ҳамидов, ҳамлагари дастаи «Энергетик»-и Душанбе, дар ҷои аввал мебошад. Вай 27 гол ба самар расондааст. Нӯъмон Ҳакимов, ҳамлагари тими«Парвоз», бо 26 гол дар ҷои дуввум қарор дорад.

9-уми декабр «Регар» ТадАЗ дар майдони худ бо «Равшан»-и Кӯлоб, 10-уми декабр «Хуҷанд» бо «Вахш» ва 11-уми декабр «Парвоз» бо «Тоҷиктелеком бозӣ хоҳанд кард.

Мавқеъи дастаҳо то 9-уми декабр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

35

28

4

3

115-30

88

2.

«Хуҷанд»

35

25

4

6

62-26

79

3.

«Парвоз»

35

24

6

5

78-26

78

4.

«Вахш»

37

21

3

13

57-40

66

5.

«Тоҷиктелеком»

36

17

2

17

60-58

53

6.

«Энергетик»

35

16

4

15

63-47

52

7.

«Динамо»

31

11

8

12

40-44

41

8.

«Саройкамар»

35

8

5

22

43-76

29

9.

«Гвардия»

38

6

6

26

30-81

24

10.

«Равшан»

35

6

6

23

36-91

24

11.

CСKA «Помир»

36

7

2

27

21-86

23

XS
SM
MD
LG