Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имруз даври нави музокироти ҳастаии Курё оғоз меёбад


Қарор аст имруз дар Пекин-пойтахти Чин даври нави музокироти шашҷониба дар бораи халъи силоҳи ҳастаии Курёи Шимолӣ оғоз шавад. Кристофер Ҳилл-муовини вазири хориҷаи Амрико гуфт, музокирот аслан ба масъалаи назорат бар барномаи ҳастаии Курёи Шимолӣ ихтисос хоҳад дошт. Ахиран режими Курёи Шимолӣ ба бозрасони байналмиллалӣ иҷоза надод, ки барои озмоиш аз муҷтамаъи ҳастаӣ намуна бигиранд. Ин кишвар, ки соли 2006 озмоиши ҳастаӣ анҷом дод, розӣ шудааст, ки дар ивази кумакҳои иқтисодии хориҷӣ аз барномаҳои ҳастаиаш даст кашад. Дар музокироти шашҷониба намояндагони Курёи Шимолӣ, Курёи Ҷанубӣ, Амрикову Руссия ва Ҷопону Чин ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG