Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни Амрико тахриби корвонро бетаъсир медонанд


Низомиёни Амрико таъсири оташ задани корвони мошинҳои ҳомили маводи икмолотӣ барои нирҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистонро ночиз мешуморанд. Тақрибан 150 контенер ва мошин дар истгоҳе дар наздикии шаҳри Пешовар субҳи рузи якшанбе мавриди ҳамлаи тундравҳо қарор гирифтаст. Тундравҳои мусаллаҳ бо рокетандоз як посбони мошинҳоро ба қатл расондаанд ва мошинҳоро оташ задаанд. Ин ҷиддитарин ҳамла ба корвони мошинҳои икмолотии Амрико арзёбӣ шудааст, ки аз Покистон ба Афғонистон бор мебаранд.

XS
SM
MD
LG