Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Юнон тазоҳурот ба рузи дуввум ворид шуд


Садҳо нафар тазоҳуркунандагон дар ду шаҳри бузурги Юнон ба суи пулис шишаҳои пур аз бензин партоб карданд, мағозаву мошинҳоро оташ заданд ва шишаҳои мағозаҳоро шикастанд. Ин тазоҳурот шадидтарин нооромӣ дар чанд соли ахир аст, ки рузи шанбе оғоз шуд. Пулис дар Афина-пойтахти Юнон ба суи як навҷавон оташ кушод ва ноорормӣ зуд ба шаҳрҳои дигар, аз ҷумла ба Тессалоникӣ кучид. Бино ба гузоришҳо, 40 нафар, аз ҷумла 25 корманди пулис, дар ин нооромиҳо ҷароҳат бардоштаанд. Пулис мегуяд, даҳҳо нафар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG