Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс:Террористҳо аз хоки Покистон истифода кардаанд


Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико мегуяд, вай бовар дорад, ки террористҳо барои анҷоми ҳамлаи худ ба Мумбаи Ҳиндустон аз қаламрави Покистон истифода кардаанд. Хонум Райс рузи якшанбе дар телвизюни кишвараш зоҳир шуд ва гуфт, эҳтимолан қаламрави Покистонро, ба қавли вай, "бозигарони ғайридавлатӣ" истифода кардаанд. Вале хонум Райс гуфт, далели раднопазир дар бораи ҳамдастии мақомоти расмии Покистон дар ҳамлаҳо вуҷуд надорад. Хонум Райс аз мақомоти Покистон хост, ки дастандаркорони ин ҳамлаҳо ба ҷазои аъмолашон расонда шаванд.

XS
SM
MD
LG