Пайвандҳои дастрасӣ

Обама хостори бархурди нав бо Осиёи Ҷанубӣ шуд


Барак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико барои мубориза бо терроризм дар ҷануби Осиё хостори бархурди нав шуд ва барои афғонҳо зиндагии беҳтар ваъда дод. Обама дар мусоҳибае бо телвизюни Эн Би Си гуфт, танҳо аз роҳи низомӣ наметавон комёб шуд ва Вошингтон ба иҷоди ҳамкориҳои стротегӣ дар саросари минтақа низ зарурат дорад. Вай аз Ҳинду Покистон хост, ки тафриқа бар сари Кашмирро ҳал кунанд. Обама ҳамчунин хостори "ҳамкориҳои муассири стротегӣ" бо Исломобод шуд, то итминон ҳосил шавад, ки террористҳо дар манотиқи марзии миёни Покистону Афғонистон барои худ паноҳгоҳи амн пайдо накунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG