Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Басраи нафтхез ба минтақаи мухтор табдил хоҳад шуд?


Кумиссиюни Олии Интихоботии Ироқ, ки як ниҳоди мустақил аст, мегуяд, ки барои ба минтақаи мухтор табдил додани Басра райпурсӣ эълон кардааст. Дар эъломия омадааст, ҷамъоварии имзоҳо дар ин минтақаи аксаран шиъанишин аз 15-уми декабр то 14-уми январ идома меёбад. Агар шумораи имзоҳо 10 дарсади феҳристи ниҳоии райдиҳандагонро ташкил диҳад, дар давоми се моҳ райпурсӣ баргузор хоҳад шуд. Агар райпурсӣ таъйид кунад, Басра низ мисли Курдистон ба минтақаи мухтор табдил хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG