Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори кӯмак ба Тоҷикистон аст


Созмони Милал мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб Тоҷикистон то нимаи соли 2010 тааҳудоташ ҷиҳати манъи истифода аз минаҳоро иҷро карда наметавонад. Дар гузориши тозаи Созмони Милал омадааст, ки Тоҷикистон барои барчидани минаҳо аз майдонҳои васеъи қаламраваш пул ва имконоти кофӣ надорад ва бояд ҷомеаи байналмилалӣ ба он кӯмак кунад. Тоҷикистон аҳд додааст, то моҳи апрели соли 2010 тамоми минаҳоро аз қаламраваш барчида ва истифодаи онҳоро комилан мамнӯъ мекунад. Ба гуфтаи Кумиссиюни Созмони Милал дар умури халъи силоҳ дар Тоҷикистон дар майдони 32 километри мураббаъ мина ва дигар маводи тарканда боқӣ мондааст ва бе назардошти майдонҳои минакоришудаи миёни марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон. Созмони Милал мегӯяд, барои таҳқиқи майдонҳои мина ва барчидани онҳо дар соли оянда тақрибан 5 миллион доллар кӯмаки молӣ мехоҳад.
XS
SM
MD
LG