Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, бар асоси қуръакашии Ҷоми Иттиҳод-2009 дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Эстония, Молдова ва Укроин бозӣ хоҳад кард.

Ҳабдаҳумин давраи Ҷоми Иттиҳод аз 17-ум то 25-уми январи соли 2009 дар маҷмаъаи варзишии «Олимпӣ» ва толори варзишии «Динамо»-и шаҳри Маскави Русия бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ баргузор мешавад.

Дастаи «Регар» ТадАЗ, ки ба ғалабаи он дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон шубҳае нест, бо пешниҳоди Федеросиюни футболи кишвар Тоҷикистонро барои ҳаштумин бор дар ин мусобиқоти анъанавии байнулмилалӣ намояндагӣ хоҳад кард.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ ба Радиои Озодӣ гуфт, мо дар гурӯҳи худ 17-уми январ бо «Левадия»-и Таллинни Эстония, 18-уми январ бо «Шериф»-и Тирасполи Молдова ва 20-уми январ бо «Шахтёр»-и Донетски Укроин қувваозмоӣ мекунем.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Рубин»-и Русия, «Арарат»-и Арманистон, «Оқтеппа»-и Қазоқистон, «Пахтакор»-и Узбакистон, ба гурӯҳи «В» «Ишқобод»-и Туркманистон, «МТЗ-РИПО»-и Беларус, «Экранас»-и Литва ва дастаи мунтахаби ҷавонони Русия, ба гурӯҳи «D» Интер»-и Озарбойҷон, «Вентспилс»-и Латвия, «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва «Интер»-и Финландия дохиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ, ки 21-уми январ доир мегардад, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 23-юми январ баргузор мешаванд. Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2009 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 25-уми январ муайян хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG