Пайвандҳои дастрасӣ

Нӯҳ ҷангҷӯи Толибро дар Ҳилманд куштанд


Дар ҷараёни як тирандозӣ миёни ҷангҷӯёни Толиб ва кормандони пулис дар ҷануби Афғонистон нӯҳ ҷангҷӯ кушта ва се маъмури пулис сахт маҷрӯҳ шудаанд. Довуд Аҳмадӣ - сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, рӯзи шанбе Толибон ба як посгоҳи пулис дар ноҳияи Гиришк ҳамла карда ва ду соат бо маъмурони пулис ҷангидаанд. Дар ин набард, маъмурони пулис ҳамчунин ду узви маҷрӯҳи Толибонро боздошт намуда ва айни ҳол чаҳор тани дигари онҳо таъқиб мекардаанд. Дар як маҳалли дигари Афғонистон берун аз шаҳри Кобул нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико, се ҷангҷӯи Толибро кушта ва чаҳор тани дигарашонро дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG