Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин мулоқоти Саркозиро "бехирадона" хонд


Расонаҳои давлатии Чин раиси ҷумҳури Фаронса Николя Саркозиро барои мулоқоташ бо Далай Лама – пешвои табъидии рӯҳонии Тибет танқид кардаанд. Николя Саркозӣ, ки айни ҳол раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо мебошад, рӯзи шанбе бо Далай Лама дар Лаҳистон дидору гуфтӯгу кард. Ин дидори ба гуфтаи хабаргузории давлатии “Синхуа”- и Чин “бехирадона” мардуми Чинро ранҷонида ва ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Чину Фаронса латма задааст. Дар остонаи мулоқоти Саркозӣ бо Далай Лама ҳукумати Чин нишасти барномарезишудаи кишвар бо сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро лағв кард. Чин, ки Тибетро бахше аз қаламрави худ меҳисобад, Далай Ламаро раҳбари ҷудоихоҳе медонад, ки ният дорад, ҳукмронии Чин бар Тиберо хотима бахшад.
XS
SM
MD
LG