Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи маросими Ҳаҷ дар Арабистон


Маросими солонаи Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ идома дорад. Мақомоти Саудӣ мегӯянд, ки барои ҳифзи низому тартиботу, пешгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни маросими тавофи Каъба 100 ҳазор маъмури амниятиро сафарбар кардаанд. Интизор меравад, ки дар маросими имсолаи Ҳаҷ бештар аз ду миллион нафар зойирин аз кишварҳои мухталифи дунё ширкат кунанд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, имсол бештар аз панҷ ҳазор эътиқодмандони кишвар барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ мераванд.
XS
SM
MD
LG