Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши умеди мошинсозони Амрико


Бино ба гузоришҳо, вакилони мардумии Иёлоти Муттаҳида дар масъалаи кӯмаки молӣ барои наҷоти саноати бемори мошинсозии ин кишвар ба созиш наздик шудаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, раҳбарони конгресси Амрико ва Кохи Сафед тарҳи ихтисоси 15 миллиард доллар қарзи кӯтоҳмуддат барои се ширкати азими мошинсозӣ, Ҷенерал Моторс, Форд ва Крайслерро баррасӣ мекунанд, ки ҳар се бесармояи кофӣ монда ва мӯҳтоҷи кӯмакҳои фаврии молӣ шудаанд. Рӯзи ҷумъа мақомоти Амрико омори расмии тозаро нашр карданд, ки аз бадтар шудани вазъи иқтисоди ин кишвар гувоҳӣ медиҳад. Бино ба ин омор муассисаву корхонаҳои Амрико танҳо дар моҳи ноябр 533 ҳазор нафар аз коргарони худро ихтисор кардаанд. Падидае, ки Амрико тайи 34 соли ахир шоҳиди он нашуда буд.
XS
SM
MD
LG