Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти САҲА бидуни пахши изҳорот анҷом ёфт


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар поёни нишасти солонаи ин созмон дар шаҳри Ҳелсинкӣ ба мувофиқат нарасиданд ва аз ин рӯ изҳороти муштараки вазирон пахш нашуд.

Дар ҷараёни баҳсҳои дурӯза вазирон роҳҳои ҳалли низоъҳоро арзёбӣ карданд. Дар ин баҳсҳо муноқишаи миёни Русияву Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ ва ташаббуси ташкили муоҳидаи нави амнияти Аврупо, ки аз тарафи Русия матраҳ шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Изҳороти муштараки САҲА фақат дар ҳоле пахш мешавад, ки 56 кишвари узв аз он пуштибонӣ намоянд. Аз соли 2002-ум ба ин тараф аъзои САҲА ба мувофиқат нарасидаанд ва аз ин рӯ, изҳороти муштараки созмон интишор нашудааст.
XS
SM
MD
LG