Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қадами дигари SOFA барои пазироӣ


Шӯрои президентии Ироқ аҳдномаи амниятиро бо ИМА пазируфт, ки чун SOFA, яъне "Созишномаи мақоми нирӯҳо" ёд шуда, аз низомиёни амрикоӣ тақозо мекунад, ки то охири соли 2011 қаламрави Ироқро тарк кунанд. Инчунин, Шӯро чаҳорчӯби созишномаи ҳамкориҳои стратегӣ бо ИМА-ро пазируфтааст.

Вашингтон мувофиқати Шӯрои президентии Ироқ бо Созишномаи мақоми нирӯҳоро чун қадаме барои бунёди равобити қавӣ ва дарозмуддати миёни ду кишвар ситоиш кардааст. Дана Перино, сухангӯи Кохи Сафед аз номи раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ин ду созишномаи фавқулодда муҳим дастовардҳои демократии чанд соли охири Ироқро тақвият бахшида, ба манфиати истиқлолияти Ироқ хизмат мекунад.

Носир Аланӣ, як мақом дар дафтари раёсатҷумҳурии Ироқ дар Бағдод гуфт, шӯрои президентӣ ҳеҷ як ҷумлаи матни Созишномаи мақоми нирӯҳоро, ки аз ҷониби парлумон ба тасвиб расидааст, иваз накард. Ин қарордод масъулият ва ҳуқуқи нирӯҳои амрикоиро дар хоки Ироқ баъди анҷоми мандати СММ дар ин кишвар охири соли ҷорӣ ба танзим медарорад. Санади мазкур аз нирӯҳои амрикоӣ тақозо мекунад, ки то охири соли 2011 қаламрави Ироқро тарк кунанд. Инчунин, тибқи созишномаи мазкур, низомиёни амрикоӣ бояд то охири июни соли 2009 аз манотиқе, ки дар он мардуми зиёд зиндагӣ мекунанд, берун шаванд.

Аз оғоз санади мазкур як хусусияти баҳсбарангез касб карда буд, ки моҳҳои тӯлонӣ сиёсатмадорони ироқиро машғул нигоҳ медошт. Ниҳоят парлумон ноябри имсол онро пазируфт. Ва акнун зери ин санад бояд худи раисҷумҳур Ҷалоли Толибонӣ ва ду муовини вай имзо гузоранд, то ки ин санад ба ҳукми иҷро дарояд.

Бо назардошти баҳсҳои шадиди атрофи қабули чунин як созишномае, ки мақоми нирӯҳои амрикоиро муайян мекунад, қарор шудааст, ки то июли соли 2009 ҳукумати Ироқ як раъйпурсии ҳамагониро дар миёни мардум роҷеъ ба ин қарордод баргузор кунад. Дар ин замина, Дана Перино афзуд, ки ИМА омода аст, баробари истиқрори субот ва дастёбӣ ба пешравиҳо дар заминаи амният ва демократия нирӯҳояшро аз хоки Ироқ берун кашад. Гордон Ҷондро, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии ИМА гуфт, президент Ҷорҷ Буш дар як сӯҳбати телефонӣ ҳамтои ироқиашро барои заҳматҳои шахсан кашидааш дар самти қабули созишномаи амниятӣ сипозгузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG