Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ дар Алмаато гуфт, минбаъд сармоягузорони хориҷӣ бояд аз нерӯи корӣ ва маҳсулоту маводи тавлидотии кишвар истифода намоянд.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, алъон ин ширкатҳои хориҷӣ ҳарчанд дар Қазоқистон фаъолият мекунанд ва аз захираҳои табии ин кишвар баҳра мебаранд, вале аз имкониятҳои иқтисодии Қазоқистон истифода намебаранд. Сарвари Қазоқистон гуфт, ширкатҳои бузурги хориҷии тавлидкунандаи нафту гоз ва маодину оҳан, ки дар кишвар сармоягузорӣ мекунанд, ҳангоми кор дар Қазоқистон бисёр таҷҳизот мехаранд, аз хидмати корхонаҳои дигар барои сохтмон, хариди таҷҳизот ва ҷалби коргарону муҳандисон истифода мекунанд. Ҳамаи ин нерӯю таҷҳизот ва хадамот минбаъд бояд аз Қазоқистон бошад. Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, чанде пеш қонун дар бораи харид қабул гардид ва дар он гуфта шудааст, ки корхонаҳои кишвар бояд бештар таҷҳизоту маҳсулоти худиро харидорӣ намоянд ва акнун аз ширкатҳои хориҷӣ низ чунин талаб мешавад, ки бо ҳукумат ва ширкатҳои кишвар қарордод намуда, бештари маводи зарурии хешро аз ин ҷо бигиранд. Ҳамчунин, коргарони маҳаллиро омӯзиш дода, аз онҳову муҳандисон ва ҳам таҷҳизоти тавлидии кишвар истифода намоянд.

Барои ин бошад, ба гуфтаи оқои Назарбоев, фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ бояд рӯшан бошад ва ҳукумати Қазоқистон аз барномаи он ширкатҳо барои ду- се сол огоҳ бошанд. Агар ҳукумат ва корхонаву ширкатҳои Қазоқистон аз нақшаҳои онҳо барои як, ду ё се сол маълумот медоштанд, онон низ фаъолияти хешро ба он мутобиқ мекарданд. Вале ҳамаи ин корҳо бидуни огоҳии ширкатҳои кишвар анҷом дода мешавад ва аз ҳама бадаш тендерҳо дар хориҷи кишвар сурат мегирад.

Карим Масимов, нахуствазири кишвар ҳам таъкид кард, ки дар шароити имрӯзаи бӯҳрони иқтисодӣ сармоягузорон низ бояд бахше аз зарарҳои ба кишвар расидаро ба дӯши хеш бигиранд ва дар ин маврид ҳукумат бо онҳо музокира хоҳад кард.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар Қазоқистон даҳҳо ширкатҳои бузурги истихроҷи нафту гоз ва маъодин, мисли «Шеврон», «Миттал стил», «Бритиш петролииум», «Ени» фаъолият мекунанд ва даҳ сол қабл ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо ҳукумат ва ширкатҳои маҳаллӣ дар Қазоқистон Шӯрои машваратии сармоягузорони хориҷӣ таъсис гардида буд, ки ба он Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури кишвар сарварӣ мекунад. Ин ҷаласаи даҳумини машваратии ҳукумати Қазоқистон ва сармоягузорони хориҷист ва ҷаласаи навбатӣ моҳи июни соли оянда гузаронида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG