Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 8 маҳбус дар зиндони Пули Чархӣ


Муовини вазири адлияи Афғонистон Муҳаммадқасим Ҳошимзай мегӯяд, ки ҳафтаи равон бар асари бархӯрд бо маҳбусони афғон нерӯҳои амниятии Афғонистон 8 нафарро ба қатл расонда, 12 каси дигарро маҷрӯҳ намуданд. Бархӯрд дар зиндони Пули Чархии канори шаҳри Кобул замоне шурӯъ шуд, ки нерӯҳои амниятӣ кофтукови маҳбусонро оғоз карданд. Тахмин мешуд, ки маҳбусон корду силоҳ пинҳон кардаанд. Дар Пули Чархӣ тақрибан 5000 нафар нигаҳ дошта мешавад, ки аз 400 то 500 нафари онҳо бо ҷангҷӯӣ муттаҳам мешаванд.

Солҳои ахир дар зиндонҳои Афғонистон чанд ошӯби хунин сурат гирифтааст. Чанд моҳ пеш Толибон болои зиндони вилояти ҷанубии Қандаҳори Афғонистон ҳамла карда, садҳо маҳбусро раҳо намуданд.

XS
SM
MD
LG