Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиканон дар Екатеринбург пирӯз шуданд?


Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия мегӯянд, ки зоҳиран коршикании тақрибан 500 сохтмончии яке аз биноҳо дар маркази Екатеринбург бо созиш ба анҷом расидааст. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Хушвақт Ҳайдаров раиси созмони ҳомии ҳуқуқ бо номи Дидор гуфт:

"Маслиҳат шуд, ки ширкати фармоишгари сохтмон маоши семоҳаи коргаронро пардохт мекунад. Бригадирҳо пулро гирифтанд ва шояд рӯзи шанбе тақсими он шурӯъ шавад."

Коршиканӣ дар сохтмони бинои маркази Екатеринбург рӯзи ҷумъаи 28-уми ноябр шурӯъ шуда буд.

Рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раҳбари гурӯҳи коршикан Авазбек Авазбекови тоҷикистонӣ гуфта буд, ки дар муқобили қатъи коршиканӣ ширкати фармоишгар ҳозир аст, моҳона 4000 рубли русӣ тақдим намояд, вале ин пешниҳод қобили қабул нест. Авазбеков афзуда буд, ки мақомоти вилояти Свердловски Русия ва созмонҳои маҳаллии ҳомии ҳуқуқи башар аз тақозои онҳо пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG