Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуқуқшиносони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мувозинати дар байни иттиҳом ва ҳуқуқи фарди айбдоршавандаро баҳс мекунанд.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Брусел як нишасти дурӯзаи муфассал бахшида ба арзёбии низоми адлияи кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо шуд. Вазирони адлияи кишварҳои узви Иттиҳод ҳамроҳ бо ҳайъатҳои баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ислоҳоти низоми адлия ва додгоҳ табодули назар карданд. Дар ин нишаст ҳайъати Тоҷикистон зери раҳбарии вазири адлияи кишвар Бахтиёр Худоёров ширкат варзид.

Профессор Маҳмад Раҳимов ба вазирони адлияи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва аъзои ҳайъатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ислоҳоти низоми адлияи Тоҷикистон маълумот дод. Дар нишасти дурӯзаи Брусел Раҳимов ҳамчун узви ҳайъати Тоҷикистон ҳузур дошт. Ба қавли ин доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, ки вакили Маҷлиси Намоядагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст, ҳозирин ба мувозинат дар эълони айбнома ва ҳифзи ҳуқуқи фарди муттаҳам таваҷҷӯҳ карданд:

"Ин проблема муҳим аст. Он ба садҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ бармехӯрад....ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ҷаҳон. Баҳс рӯи он буд, ки оё низоми адлияи мо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавоб гӯй аст ё не? Минбаъд чӣ гуна фардим уттаҳам бо вакили мудофиа таъмин карда мешавад? Дар оянда мавқеи прокурор (додситон) чӣ гуна бошад? Судя ( додгустар) ҳаққи боз намудани парвандаи ҷиноипро дорад ё надорад? Ҳамчунон таъкид шуд, ки муҳокимаи додгоҳ бояд дар шакли мубоҳиса гузарад. ... Ҳамин мушкилиҳоро баҳс кардем."

Ба қавли профессор Раҳимов, моддаи 21-уми Конститутсияи Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ҳуқуқи фардро ҳимоят мекунад, вале мушкили асосӣ ин аст, ки қонуни мурофиаи ҷиноии ин ҷумҳурӣ дар соли 1961 қабул шудаву ҳоло ислоҳи он ба поён нарасидааст.

"Интизор дорем, ки ба ҳамин наздикиҳо лоиҳаи кодекси ҷиноӣ-мурофиавӣ ба мо фиристода мешавад. Бар пояи он мо эҳтимол мо ҳаққи имзои гувоҳномаи ҳабсро ба додгоҳ диҳем. Ин барномаро президенти Тоҷикистон тасдиқ кардааст ва соли 2010-ум он бояд амалӣ гардад. Тасвиби тамоми кодексҳо: ҷиноӣ-мурофиавӣ,ҳакамӣ ва ғайра то соли 2010-ум ба анҷом мерасад."

Дар оянда аснои муҳокимаи қазияҳои шаҳрвандӣ додситон фақат дар ҳолатҳои истиноӣ ширкат мекунад. Вале дар мурофиаҳои ҷиноӣ ӯ доимо ҳамчун яке аз ҷонибҳо иштирок хоҳад кард. Муҳокима дар шакли баҳс миёни додситониву ҷониби мудофиа сурат гирифта, додгоҳ фақат бо назорати ин раванд машғул мешавад."

XS
SM
MD
LG