Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангҷӯён 16 афсари полиси Эронро ба қатл расонданд


Радиои давлатии Эрон мегӯяд, полиси ин кишвар тасдиқ кард, ки гурӯҳи ҷангҷӯй 16 афсари дар моҳи июн рабудаашро ба қатл расондааст. Имрӯз Радиои Эрон аз нақли муовини раиси полис генерал Ҳусейн Соҷидиниё иттилоъ дод, ки афсарони рабудашудаи полисро ду ҳафта пас аз боздошт ба истилоҳ " ба шаҳодат расондаанд". Номбурда афзудааст, ки кушторҳо дар вақти мухталиф ба вуқӯъ пайвастаанд.

Баъди амалиёти одамрабоӣ гурӯҳи мусулмонони суннимазҳаб бо номи Ҷундуллоҳ ва ё Сарбози худо ду афсари полисро ба қатл расонда, ҳушдор дода буд, ки агар пайравони боздоштшудаи ин гурӯҳ аз маҳбасҳо раҳо нашаванд, 14 афсари боқимонда ҳам кушта хоҳанд шуд.

Мақомоти Эрон бар ин фикранд, ки Ҷундуллоҳ бо шабакаи террористии ал-Қоида иртибот дорад.
XS
SM
MD
LG