Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумораи вакилони мардумии Узбакистон


Бо қарори Сенат: Маҷлиси болоии Олий Мажлис ва ё Маҷлиси Олии Узбакистон шумораи вакилони мардумӣ дар Маҷлиси қонунгузор, яъне маҷлиси поёнии Маҷлиси Олии ин кишвар то 150 нафар афзоиш хоҳад ёфт. Феълан Маҷлиси қонунгузори Узбакистон аз 120 вакили мардумӣ иборат аст. Дар изҳороти Маҷлиси Олии Узбакистон гуфта мешавад, ки 135 вакил тариқи интихобот вакили мардумӣ шуда, 15 курсии боқимондаро намояндагони Ҷумбиши муҳитзистии Узбакистон ишғол хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG