Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳи имрӯз, 5 декабр, пешвои калисои ортодокси (православӣ) насронии Русия усқуф Алексии II вафот кард.

Патриархати Русия эълон кард, ки Алексии II дар мақарри худ дар Переделкина, дар синни 79-солагӣ даргузашт.

Патриархи Русия, ки исми аслияш Алексей Михайлович Ридигер мебошад, соли 1929 дар шаҳри Таллин, пойтахти имрӯзи Эстония дар оилаи рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Таҳсилоти рӯҳонии худро дар Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) дар солҳои 40-50-уми қарни бист гирифтааст. Замоне вакили Шӯрои Олии Шӯравӣ буд.

Алексии II аз соли 1990 бад ин сӯ пешвои калисои православӣ буд. Ӯ 15-умин пешвои православии русҳо пас аз таъсиси Патриархат дар соли 1589 буд.

Дар ин миён чандин бор дар расонаҳо хабарҳо оид ба вазъи бади саломатии ӯ ва ҳатто маргаш интишор ёфта буданд.

XS
SM
MD
LG