Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус аз овоза хавф дорад


Бонки марказии Беларус мегӯяд, ин муассиса ба бонкҳои тиҷории ин кишвар машварат додааст, ба полис дар бораи ҳар нафари шубҳаовар, ки дар миёни муштариён овоза паҳн мекунад, иттилоъ диҳанд. Дар Беларус бахши асосии иқтисод таҳти назорати ҳукумат қарор дорад ва мақомоти ин кишвар мегӯянд, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба хоҷагии Беларус таъсири зиёд нарасонидааст. Дар ҳар сурат Минск ба ҳайси ба истилоҳ "болишти амниятӣ" аз Сандуқи байналмилалии пул 2 миллиард доллар қарз хостааст.
XS
SM
MD
LG