Пайвандҳои дастрасӣ

Имруз мулоқоти САҲА дар Ҳелсинкӣ ба поён мерасад


Имруз мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Ҳеклсинкӣ ба поён мерасад. Қарор аст имруз Сергей Лавров-вазири хориҷаи Руссия ақидаҳои худро дар бораи паймони нави амниятӣ дар Аврупо ба таври расмӣ пешниҳод кунад. Матбуъоти Ғарб навиштааст, аксари вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, яъне ниҳоди амниятӣ ва ҳуқуқи башари Аврупо, ки дар он 56 кишвар узвият доранд, ба пешниҳодҳои Руссия вокуниши сард нишон додаанд. Мақомоти расмии Амрико мегуянд, Руссия талош дорад НАТО-ро заъиф созад. Ҳатто муттаҳидони Руссия, аз қабили Белорус ва Қазоқистон, ба ҷонибдорӣ аз Руссия сухане ба забон наоварданд.

XS
SM
MD
LG