Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони Афғонистону Покистон дар Туркия


Қарор аст имруз дар Истамбули Туркия Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ-руасои ҷамоҳири Афғонистону Покистон бо ҳам мулоқот кунанд. Ин бори дуввум аст, ки Туркия дар мулоқоти миёни раҳбарони Афғонистону Покистон миёнҷигарӣ мекунад. Моҳи апрели соли 2007 оқои Карзай ва Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури вақти Покистон дар Анкара мулоқот доштанд ва қавл доданд, ки бар зидди Толибон тадобири муштарак хоҳанд андешид. Афғонистон Покистонро муттаҳам кардааст, ки барои ҷилавгрӣ аз ҳамлаҳои фаромарзии Толибон ба Афғонистон тадобири кофӣ намеандешад.

XS
SM
MD
LG