Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз "реализм"-и НАТО истиқбол кард


Русия аз тасмими НАТО, ки тадриҷан ҳамкориҳояшро бо Русия аз сар мегирад, истиқбол кард. Ин ҳамкориҳо баъд аз ҷанги моҳи августи миёни Гурҷистону Русия ба ҳолати таълиқ даромада буд. Дар ҳамин ҳол, паймони НАТО қавл додааст, ки ҳамкориҳояшро бо Укроину Гурҷистон густариш медиҳад, вале барномаи амали узвиятро дар ихтиёри ин ду кишвар намегузорад. Дар сурати вогузор кардани чунин барнома роҳи ин ду кишвар ба суи узвият дар НАТО боз мешавад.

XS
SM
MD
LG